среда, 16 марта 2016 г.

Барномаи коркарди пурраи нахи пахтаи комёбиро пурра ба даст наовард

           Соли 2007 бо маќсади зиёд намудани истеҳсоли пахта ва коркарди пурраи нахи он дар дохили кишвар бо ќарори укумати Љумњурии Тољикистон«Барномаи коркарди пурраи нахи пахтаи дар Љумњурии Тољикистон истењсолшаванда барои давраи то соли 2015» қабул гардида буд. Мувофиқи ин барномаи давлатӣ бояд дар дохили кишвар то соли 2015 коркарди пурраи нахи пахтаи дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда ба роҳ монда мешуд ва дар ин замина  ҳаҷми истеҳсол ва содироти молҳои дорои сифати баланд дошата зиёд мегардид. Мутаассифона,Барномаи мазкур комёбиро пурра ба даст наовард.

Набояд нархи орд баланд шавад

       Тибқи ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо имрӯз ба ҳар сари аҳолии кишвар 137 кг орд дар як сол аз рӯи меъёр муқарар гардидааст, ки дар маҷмӯъ  талаботи аҳолии кишвар ба 1,5 мин. тонна орд баробар аст.  Дар соли 2015-ум бошад истеҳсоли ғалла қариб 664 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки ин нисбат ба соли 2014-ум қариб 39 ҳазор тонна зиёд мебошад. 

Баромадан аз бунбасти комуникатсионӣ яке аз ҳадафи муҳими стратегӣ

        Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ аз зумраи се ҳадафи стратегие мебошад, ки вазифаи умумимиллӣ ва омили муҳими пешрафти кишвар арзёбӣ мегардад. Ин ҳадаф сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгард, роҳи оҳан, пулҳо, нақбҳо, фурӯдгоҳҳо ва дигар инфрасохтори нақлиётиро мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ дар бар мегирад, ки амалишавии он тадриҷан бояд ҷумҳуриро аз бунбасти коммуникатсионӣ берун оварда, ба минтақаи транзитӣ табдил диҳад.

“Барномаи истеҳсоли маҳсулоти бачагона дар Чумҳурии Точикистон барои давраи то соли 2015” татбиқ ногардида монд

        Иттиҳодияи истеҳсолии "Нассоҷии тоҷик" аз корхонаҳоест, ки дар оғози соли хониш мактаббачагони қисме аз муассисаҳои таълимии пойтахтро бо либоси мактабии истеҳсоли худӣ таъмин намуда буд. Ҳоло бошад, кормандони ин корхона аллакай дӯхтани либоси мактабиро барои соли хониши навбатӣ шурӯъ кардаанд. Тибқи нақша, ҳаҷми истеҳсолот имсол бояд нисбат ба соли гузашта бештар бошад. Зеро талабот ба либоси мактабии истеҳсоли худӣ дар ҳоли афзоиш аст.