среда, 16 марта 2016 г.

Баромадан аз бунбасти комуникатсионӣ яке аз ҳадафи муҳими стратегӣ

        Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ аз зумраи се ҳадафи стратегие мебошад, ки вазифаи умумимиллӣ ва омили муҳими пешрафти кишвар арзёбӣ мегардад. Ин ҳадаф сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгард, роҳи оҳан, пулҳо, нақбҳо, фурӯдгоҳҳо ва дигар инфрасохтори нақлиётиро мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ дар бар мегирад, ки амалишавии он тадриҷан бояд ҷумҳуриро аз бунбасти коммуникатсионӣ берун оварда, ба минтақаи транзитӣ табдил диҳад.
Иддае аз тарҳҳои Тоҷикистон хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ дошта, дастрасии ҷумҳуриро ба бандарҳои баҳрӣ ва шоҳроҳҳои транзитии дигар кишварҳо таъмин хоҳанд кард. Ҳадафи стратегияи мазкур ташаккули  шабакаи ягонаи роҳҳои автомобилгарди дохили кишвар ва пайваст намудани он ба шоҳроҳҳои байналмилалӣ, инчунин ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба конвенсия ва созишномаҳои байналмилалӣ оид ба равобити нақлиётӣ мебошад.     
     
   
          Дар солҳои истиқлолият дар соҳаи нақлиёти кишвар 45 лоиҳаи
давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, беш аз 2000 километр роҳҳои мошингард таҷдиду бунёд ва беш аз 190 километр роҳи оҳан сохта ба истифода дода шуд.  Аз ҷумла, нақбҳои автомобилгарди «Шаршар», «Чормағзак» ва «Шаҳристон» ба истифода дода шуда, сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгарди «Душанбе - Бӯстон Чанак», «Душанбе - Нуробод – Ҷиргатол - Саритош», «Душанбе-Данғара» ба анҷом расид. Ба итмом расидани сохтмони нақби мошингарди «Истиқлол» ва пули мошингарди «Дӯстӣ» дар болои дарёи Панҷ низ ба ин давраи таърихӣ рост меояд. Кӯлоб - Қалъаи Хумб Хоруғ - Қулма, Қурғонтеппа-Дӯстӣ ва дигар роҳҳои мошингард дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ сохта мешаванд. Амалӣ гаштани чунин лоиҳаҳо имкон дод, ки рафтуомади аҳолӣ ва ҳамлу нақли бор, таъмини бозорҳо бо маҳсулот хеле беҳтар шуда, вобастагӣ аз он роҳҳое, ки минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳуриро тавассути кишварҳои ҳамсоя мепайвастанд, аз байн равад ва табодули мол бо кишварҳои ҳамсоя афзоиш ёбад.
       Масъалаи бунёди роҳҳои алтернативӣ тақозо менамояд, ки Ҳукумати кишвар ҳамгироии иқтисодиро тавсеа бахшида, дар доираи созмонҳои минтақавӣ ҷиҳати пайваст шудан ба шабакаҳои байналмилалии коммуникатсионӣ ва ташкили шабакаҳои нави мутобиқ ба меъёрҳои муосир чораҳои зарурӣ андешад. Бо ин мақсад ҷиҳати амалисозии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, ки омили муҳими рушди иқтисодии Тоҷикистон ва давлатҳои минтақа хоҳад гардид, андешидани чораҳои зарурӣ идома дорад.

          Аз соли 2005-ум то имрӯз, яъне дар даҳ соли охир аз ҳисоби лоиҳаҳои инвеститсионӣ 1773 км роҳ, 5  нақб бо дарозии 17969 метр,  21 долони зиддитармавӣ бо дарозии 3440 метр,  8 пул бунёд шуда, 153 пули дигар таҷдид гардидСохтмони роҳи оҳани Қӯрғонтеппа - Кӯлоб ва як қатор шоҳроҳҳои байналмилалӣ, нақбҳо ва пулҳои байнимарзӣ низ анҷом дода шуд, ки дар натиҷаи он Тоҷикистон ба як қаламрави воҳид табдил ёфта, рафтуомади доимӣ ба тамоми минтақаҳои мамлакат ва дар чор самт ба давлатҳои ҳамсоя таъмин гардид.
          Бо дарназардошти ин ва хусусиятҳои ҷуғрофии Тоҷикистон кор дар самти инкишофи инфрасохтори нақлиётӣ ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои истифодаи шоҳроҳҳои автомобилгард вусъат дода мешавад. Зеро ин шоҳроҳҳо дар ояндаи наздик ба масири хушкигард байни Осиё ва Аврупо табдил ёфта, қисмати зиёди онҳо бо роҳҳои кӯтоҳтарин бояд қитъаҳои тоҷикистонии шабакаҳои роҳҳоро дар бар бигиранд.

         Тоҷикистон дар соли 2015 ба дастовардҳои зиёде ноил гардид. Аз ҷумла, дар давоми соли гузашта дар маҷмӯъ қариб 510  километр роҳ таъмиру бунёд ва 140  пул сохта, барқарор карда шудааст. Илова бар ин, ба маблағи беш аз 70 миллион сомонӣ таъмиру таҷдиди роҳҳои байни шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои деҳот ба масофаи 324 километр ба анҷом расида, ҳамчунин аз ҳисоби Фонди эҳтиётии Президенти мамлакат дар 21 шаҳру ноҳияи кишвар 81 километр роҳҳои байнишаҳрӣ ба маблағи 90 миллион сомонӣ азнавсозиву таъмир шуданд.

           Соли 2015 азнавсозии шоҳроҳи мошингарди Душанбе – Турсунзода ба масофаи 57 километр ба маблағи 800 миллион сомонӣ ва шоҳроҳи Айнӣ – Панҷакент ба масофаи 113 километр ба маблағи беш аз 700 миллион сомонӣ, таъмири роҳи Рашт – Навобод бо дарозии 9 километр ба маблағи қариб 3 миллион доллари амрикоӣ, сохтмони пул аз болои дарёи Ванҷоб бо дарозии 145 метр ба маблағи 4,3 миллион доллари амрикоӣ  ва бозсозии нақби автомобилгарди «Истиқлол»  ба масофаи 5 километр ба маблағи қариб 12 миллион доллари амрикоӣ анҷом ёфт. Амалӣ шудани баъзе нақшаҳо дар доираи ин ҳадафи стратегӣ барои рушди мамлакат ва ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа имконияти зиёд фароҳам овард. Барои иртибот бо Афғонистон шаш пул дар дарёи Панҷ сохта шуд, ки тавассути онҳо рафтуомад ва тиҷорат хеле афзоиш ёфт. Тоҷикистон барои муаррифӣ намудани кишвар ба ҳайси қаламрави транзитӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст, зеро имрӯз тавассути коридорҳои нақлиётии байналмилалӣ, ба мисоли роҳҳои автомобилгарди Осиё, ЕврАзЭС, ТРАСЕКА, САРЭС, ки қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро убур мекунанд, ҳамлу нақли транзитӣ хуб ба роҳ монда шудааст.
          Дигаргунсозиҳо дар соҳаи авиатсияи гражданӣ низ амалӣ гардида, барои ширкатҳои авиатсионии ватаниву хориҷӣ фазои рақобати озод ва бозори хизматрасониҳои авиатсионӣ фароҳам оварда шуд. Ҳоло Тоҷикистон дорои чор фурӯдгоҳи байналмилалӣ - Душанбе, Қурғонтеппа, Кӯлоб ва Хуҷанд мебошад. Бо мақсади мутобиқ намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва роҳ ёфтани ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ба бозори байналмилалӣ ислоҳоти сохтории ин соҳа гузаронида шуд. Иқдоми мазкур имкон дод, ки дар ин бахш заминаи устувори инкишоф ба вуҷуд ояд. Парки тайёраҳои ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон  батадриҷ нав шуда истодааст.  
          Имсол азнавсозии роҳи мошингарди Восеъ – Ховалинг ба масофои 88 километр ва ба маблағи 370 миллион сомонӣ ба анҷом мерасад. Оғози корҳои таҷдиди роҳ моҳи январи соли 2014-ум шурӯъ шуда, муҳлати иҷроиши корҳои сохтмонӣ то моҳи ноябри соли 2016-ум бе назардошти муҳлати кафолатии яксола бояд анҷом дода шавад. Имрӯз таҷдиди роҳ бо суръат идома дорад.
        Дар корҳои таҷдиду барқарорсозии роҳи Восеъ- Ховалинг имрӯз 202 нафар аз ҳисоби коргарони маҳаллӣ ва 48 нафар аз ҳисоби коргарони хориҷӣ фаъолият доранд, ки дар маҷмӯъ 250 нафарро ташкил медиҳад. Асосан 180 адад техника ва таҷҳизот барои кормандон хизмат мерасонад,  ин аз кормандон масъулияти баландро талаб менамояд, ки корҳои таҷдиди роҳ дар сатҳи хуб анҷом дода шавад:
          Ҳадафи асосии татбиқи стратегияи  баромадан аз бунбасти комуникатсионӣ ин беҳтар намудани фаъолияти нақлиёт, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, мустаҳкам намудани робитаҳои нақлиётии кишвар ва тадриҷан ба хатҳои транзитии миёни давлатҳо табдил додани шабакаи роҳҳои оҳану автобомилгарди ҷумҳурӣ мебошад. Ҳамчунин, амалӣ шудани ин ҳадафи стратегӣ метавонад барои беҳтар гардидани дастрасӣ ба бозор, зиёд шудани ҳаҷми тиҷорат дар минтақа, паст намудани арзиши хизматрасонии нақлиётӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат намояд.


Комментариев нет:

Отправить комментарий