Низоми андоз барои ширкатҳои хориҷӣ аз мушкилоти аслии фаъолияти онҳо дар Тоҷикистон будааст. Қодири Қосим, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амвол мегӯяд, воқеан, “баҳсҳои ширкатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон вобаста ба андозбандӣ имкон дорад ба ҷалби сармояи хориҷӣ таъсири манфӣ расонад. Аммо бо ин ҳама соли гузашта ягон сармоягузор фаъолияташро дар Тоҷикистон пурра қатъ накардааст”.