четверг, 4 февраля 2016 г.

Ширкатҳои хориҷиро гаронии андоз дар Тоҷикистон нигарон кардааст

Низоми андоз барои ширкатҳои хориҷӣ аз мушкилоти аслии фаъолияти онҳо дар Тоҷикистон будааст. Қодири Қосим, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амвол мегӯяд, воқеан, “баҳсҳои ширкатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон вобаста ба андозбандӣ имкон дорад ба ҷалби сармояи хориҷӣ таъсири манфӣ расонад. Аммо бо ин ҳама соли гузашта ягон сармоягузор фаъолияташро дар Тоҷикистон пурра қатъ накардааст”.

Соли гузашта моликони 4 корхонаи муштараки хориҷӣ дар Тоҷикистон бо шикоят аз баланд будани андоз ба Кумитаи сармоягузорӣ шикоят кардаанд. Корхонаҳои муштараки “Зарафшон”, “Зарнисор” ва ду корхонаи дигар, ки Раиси Кумитаи сармоягузорӣ аз онҳо ном набурд, аз низоми андозбандии Кумитаи андоз норозигӣ кардаанд.
Зимнан, соли гузашта корхонаи истеҳсоли тиллои “Зарафшон” аз андоз 200 миллион сомонӣ қарздор шуд, ки Кумитаи андоз суратҳисоби ин корхонаро то 2 моҳ баста буд. Роҳбари корхонаи мазкур аз эҳтимоли муфлис шудани ширкат бонги изтироб зад, баъдан суратҳисоби ин ширкатро боз кард ва корхона дубора ба фаъолияти муқаррариаш баргашт.
Қабдан низ Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Душанбе, аз гаронии андоз дар Тоҷикистон бо нигаронӣ гуфта буд, ки “сарбории молиёт фоидаву зиёни ширкатҳои русиро баробар кардааст.” Ба таъкиди Сафири Русия, ширкатҳои русӣ дар Тоҷикистон сарбории андозро ҳис мекунанд ва гаронии андоз дар Тоҷикистон қомати баъзе аз ширкатҳои бузурги русӣ дар Тоҷикистонро хам кардааст.
Пеш аз ин созмонҳои байналхалқӣ Тоҷикистонро дар қатори кишварҳое шомил карда буданд, ки дар ҷаҳон сатҳи баландтарини андозро дорад. Ҳамоиши байналмилалии иқтисодӣ шохиси кишварҳоеро нашр карда буд, ки андоз дар онҳо хеле баланд аст ва муҷиби кундии рушди иқтисод шудааст.
                                                                                                                                                                          манбаъ

Комментариев нет:

Отправить комментарий