Соли 2007 бо маќсади зиёд
намудани истеҳсоли пахта ва коркарди пурраи нахи он дар дохили кишвар бо ќарори укумати Љумњурии Тољикистон«Барномаи коркарди пурраи нахи пахтаи дар Љумњурии
Тољикистон истењсолшаванда барои давраи то соли 2015» қабул гардида буд. Мувофиқи ин барномаи давлатӣ бояд дар дохили кишвар то
соли 2015 коркарди пурраи нахи пахтаи дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда ба роҳ монда мешуд ва дар ин
замина ҳаҷми истеҳсол ва содироти молҳои дорои сифати баланд
дошата зиёд мегардид. Мутаассифона,Барномаи мазкур комёбиро пурра ба даст наовард.
Дар
рушди босуръати корхонаҳои коркарди
пурраи нахи пахта асосан вусъат додани иқтидори истеҳсоли пахта мусоидат карда метавонад. Бинобар ин,
Барномаи коркарди пурраи нахи пахта дар навбати аввал бунёди заминаи мустаҳками ашёи хомро дар дохили ҷумҳурӣ талаб намуда, барои пурра таъмин намудани корхонаҳои соҳа дурнамои ҳаҷми истеҳсоли пахтаро давра ба давра муайян карда буд. Мувофиқи ин баронмаи давлатӣ бояд дар соли 2007-550 000 тонна, 2008-552 500 тонна, 2009-568 400 тонна, 2010-576 000 тонна, 2011-582 800 тонна, 2012-595 700 тонна, 2013-603 000 тонна, 2014-613 800 тонна, 2015-660 000 тонна пахта истеҳсол мегардид.
Аммо дар
давраи амалигардии барнома дурнамои пешбинӣ намуда мувофиқи мақсад иҷро нагардид.
Сабаби инро масъулини соҳаи кишоварӣ якчанд боис медонанд. Аз давраи
қабул то давраи анҷомёбии барнома ҳаҷми истеҳсоли пахта ба нишондоди асосӣ
наздик нарасидааст. Масалан, дар соли 2007-419 800
тонна пахта истеҳсол шудааст,
ки 76,3%-и дурнамои барномаро ташкил медиҳад. Соли 2008 бошад ин рақам ба 353 100 тонна ё ин ки ба 63,9%, соли 2009-296
000 тонна ё 52%, соли 2010-310 560 тонна ё 53,9%, соли 2011-415 729 тонна ё ин ки 71,3%, соли
2012-417 978 тонна ё 70,1%, соли 2013-392 812 тонна
ё 65,1%, соли 2014-372 656 тонна
ё 60,7% ва соли 2015-267 795 тонна ё ин ки 40% иҷрои барномаро ташкил медиҳад.
Ба
андешаи коршиносони соҳа аз сабаби
корхонаҳои коркарди нахи пахта пурра фаро нагирифтани пахтаи
дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда ва ҳамчун маҳсулоти хом бо нархи паст содир шудани он ба камтаваҷҷӯҳии деҳқонон боис гаштааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки
коркарди нахи пахта дар корхонаҳои саноати бофандагӣ, гарчанде шумораи онҳо аз 3 адад дар соли
1991 то 19 адад дар соли 2006 расида, иқтидори лоиҳавии онҳо дар ин давра
мувофиқан аз 32 ҳазор тонна то 77 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол афзоиш ёфта
бошад, вале мутаассифона дар соли 2006, яъне як сол пеш аз қабули барнома
корхонаҳои мавҷуда ҳамагӣ 17,5 ҳазор тонна нахи пахтаро коркард намуданд, ки ин
нисбат ба соли 1991 12,1 ҳазор тонна камтар мебошад. Пас аз қабули «Барномаи коркарди пурраи нахи пахта», ки солҳои 2007-2015-ро дар бар
мегирифт, иқтидори коркарди нахи пахта рӯ ба беҳбудӣ наоварда, боз ҳам коҳиш ёфт. Яъне агар дар соли
2006 17,5 ҳазор
тонна нахи пахта коркард шуда бошад, ин рақам дар соли 2014 10,2 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Мувофиқи барнома
дар корхонаҳои мавҷудаи
коркарди нахи пахта соли 2007 бояд 29, 5 ҳазор тонна нахи пахта мавриди коркард қарор мегирифт, вале худи ҳамон сол 15 ҳазор
тонна иҷро гардид. Нақшаи пешбинӣ намуда дар соли 2008-ум ба 39,3 ҳазор тонна
баробар буд, аммо 11,4 ҳазор тонна мавриди коркард қарор гирифт. Дурнамои
коркарди нахи пахта дар соли 2009 49,6 ҳазор тоннаро ташкил медод, аз ин миқдор
9,6 ҳазор тонна иҷро гардид. Соли 2010 бояд 60 ҳазор тонна нахи пахта коркард
карда мешуд, вале дар асл 7,2 ҳазор тонна нахи пахта коркард карда шуд. Дар
соли 2011 дурнамо 69,9 ҳазор тоннаро ташкил медод, дар асл 8,2 ҳазор тонна иҷро
гардид. Соли 2012 нақшаи пешбинӣ намуда ба 75,1 ҳазор тонна баробар буд, дар асл 10,6 ҳазор тонна мавриди коркард қарор гирифт. Дар соли 2013 аз 79,6 ҳазор тонна 9,8 ҳазор тонна иҷро гардид. Аз 79,9 ҳазор тоннаи дурнамои соли 2014 10,2 ҳазор тонна иҷро гашт ва соли 2015 мувофиқи барнома
бояд 80,0 ҳазор тонна
нахи пахта мавриди коркард қарор
мегирифт, дар асл 5,7 ҳазор тоннаи
он иҷро гардид.
Дар доираи иҷрои Наќшаи чорабинињои Барномаикоркарди пурраи нахи пахтаи дар Љумҳурии Тољикистон истеҳсолшаванда бо мақсади рушди соҳа, ташкили ҷойҳои нави корӣ, таъмини
бозори дохилӣ бо маҳсулотҳои ватанӣ, ворид намудани дастгоҳу таҷҳизотҳои замонавӣ ва ҷалби бештари сармояи хориҷию дохилӣякчанд корхона бунёд гардид. Аз ҷумла, ЉММ
«Нику Хуљанд» бо иќтидори
2500 тонна дар як сол, ЉММ «Спитамен-текстайл»бо иқтидори
солонаи коркарди 3500 тонна нахи пахта, корхонаи ресандагї ЉММ «Фаррес» бо иқтидори коркарди 1200
тонна нахи пахта дар як сол, ЉДММ
«ХИМА - Текстил» барои коркарди 4000
тонна нахи пахта дар як сол, ЉСК «Бофандаи Норак» бо иқтидори
коркарди 1200 тн. нахи пахта, ЉСП «Олим-Текстайл» бо
иќтидори коркарди 6000 тонна нахи пахта ва ЉММ Файзи Истиқлолбо иқтидори 5000
тонна нахи пахта ба фаъолият оғоз намуданд. Дар сурати пурра истифодабарии имкониятҳои истеҳсолии ин корхонаҳо имконияти рушди соҳа бештар мегардад.
Дар солҳои аввали
амалигардии барнома ҳаҷми истеҳсоли риштаи пахтагин аз дурнамои пешбинӣ намуда барзиёд иҷро мегардид.
Масалан, соли 2007 ҳаҷми истеҳсоли риштаи пахтагин 12,7 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки 2,5 маротиба аз нақша зиёд буд. Ин нишондод дар соли 2008 ба 9,7 ҳазор тонна баробар буд, ки 147% иҷрои барнома ва соли 2009-8,2ҳазор тонна, ки
102,4% нақшаро ташкил дод. Веле аз ин ба баъд ҳатто нақша ҳам иҷро нагардид. Яъне соли 2010-6,1 ҳазор тонна риштаи пахтагин истеҳсол гардид, ки 60,4% барнома, соли 2011-7,0 ҳазор тонна 59,3% нақшаи иҷрои барнома, соли
2012-9,0 ҳазор тонна 71,4%, соли 2013-8,3 ҳазор тонна 62%,
соли 2014-8,7 ҳазор тонна 65% ва соли охири
барнома, яъне соли 2015-4,8 ҳазор тонна риштаи пахтагин истеҳсол гардид, ки 55,4% дурнамои барномаро ташкил медиҳад.
Коршиносони соҳа бар он андешаанд, ки сохтори кунунии соҳа коркарди самараноки нахи пахтаро таъмин намекунад ва ба талаботи имрӯза ҷавоб дода наметавонад. Гузариш аз истеҳсоли ашёи хом ва молҳои нимтайёр
ба зиёд намудани коркарди нахи пахта ва истеҳсоли номгӯи васеи маҳсулоти
тайёри пахтагин бояд ба
роҳ монда шавад, то ки маҳсулоти худӣ бо нархи дучанд ба корхонаҳои ватаниву бозори истеъмолӣ ворид
нагардад.
Њаљмиистењсолиматоитайёрипахтагин
(млн м2)
2007-26,2млн
м2(36,3%)
2008-27,7млн
м2(29%)
2009-36,6млн
м2(30,7%)
2010-25,6млн
м2(17,7%)
2011-21,4млн
м2(12,8%)
2012-22,6млн
м2(12,6%)
2013-18,1млн
м2(9,6%)
2014-18,1млн м2(9,6%)
Дар шароити кунунӣ бо дарназардошти он ки талаботи бозори истеъмолӣ ба маҳсулоти корхонаҳои саноати сабук тез-тез иваз мегардад, аз ин рӯ ин гуна шароит тақозо
менамояд, ки корхонаҳои соҳа дар муддати кӯтоҳ номгӯи маҳсулоти навро
дар истеҳсолот ҷорӣнамоянд. Ҳамунин,
корхонаҳоро зарур аст маҳсулотеро истеҳсол намоянд, ки дар бозори истеъмолӣбо маҳсулоти воридотӣ рақобат карда тавонад.
Тибқи маълумот имрӯз дар ҷумҳурӣ104 корхонаи
пахтатозакунї, 21 корхонаи коркарди нахи пахта, 10 корхонаи бофандагӣ ва 60 корхонаи истењсоли
мањсулоти дўзандагї мављуд аст.Ҳарчанд дар
давраи амалигардии Барномаи коркарди нахи пахтаи дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда шумораи корхонаҳои соҳа зиёд гардида бошанд ҳам, вале ҳаҷми иқтидори истеҳсолии номгӯи маҳсулоти аз
пахта истеҳсолшаванда коҳиш ётааст. Сабаби инро коршиносон дар сифати маҳсулот ва рақобатпазир набудани он медонанд.
Ҳарчанд аз соли қабул то
давраи анҷомёбии амалигардии Барномаи коркарди пурраи нахи пахтаи дар Љумҳурии Тољикистон истеҳсолшавандатеъдоди
корхонаҳои дӯзандагӣ афзоиш ёфта бошад ҳам, вале дар ин давра ягон маротиба ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ ба нақшаи асосӣ наздик нашудааст.
Мувофиқи ҳисоботи оморӣҳаљми истењсоли мањсулоти дузандагї агар дар соли 2010-96,5 млн. сомониро
ташкил дода бошад, ин рақам 20,5% иҷрои дурнамои барнома мебошад. Дар соли 2011 ҳаљми истењсоли мањсулоти дузандагї 124,1 млн. сомонї дар бар гирифт, ки
25,9% ташкил медиҳад, соли 2012-111,1 млн. сомонї 21,7%, соли 2013-123,9 млн. сомонї 22,5%, соли 2014-124,2 млн. сомонї 21,1% ва соли 2015 ҳаљми истењсоли мањсулоти дӯзандагї
129 млн. сомониро ташкил дод, ки 21,5% иҷрои нақшаи пешбини намудаи Барномаи коркарди пурраи нахи пахтаи дар Љумҳурии Тољикистон истеҳсолшаванда мебошад. Сабабу омилҳои ба пуррагӣ иҷро нагардидани барномаро аз масъулини соҳа пурсон шудем, онҳо маблағҳои гардонро сабабгор донистанд. Аммо аз 6 миллиард
сомонии барои татбиқи барнома муайянгардида, чӣқадари он баҳри амалигардии он то
имрӯз ҷудо гардид, масъулин ба мо рушан накарданд.
Дар маҷмӯъ гуфтан мумкин аст, ки «Барномаи
коркарди пурраи нахи пахтаи дар Љумњурии Тољикистон истењсолшаванда барои
давраи то соли 2015» ба њадафи худ, яъне
пурра коркард намудани нахи пахтаи дар љумњурї истењсолшаванда, зиёд намудани
њаљми истењсолӣ ва номгўи мањсулот, баланд бардоштани сифат ва
раќобатнокии онњо дар бозорњои дохилї, ноил нашуд.
Аз ин лињоз, бо назардошти ба охир расидани муњлати амалигардии Барномаи
мазкур, мувофиќи маќсад аст, ки њангоми тањияи барномаи коркард ва истењсоли
мањсулоти тайёр аз нахи пахта барои солњои мибаъда имкониятњои воќеї корхонањо,
афзалиятњои соња, талаботи бозори дохилї ва хориљи кишвар ба эътибор гирифта ша
Комментариев нет:
Отправить комментарий