среда, 16 марта 2016 г.

“Барномаи истеҳсоли маҳсулоти бачагона дар Чумҳурии Точикистон барои давраи то соли 2015” татбиқ ногардида монд

        Иттиҳодияи истеҳсолии "Нассоҷии тоҷик" аз корхонаҳоест, ки дар оғози соли хониш мактаббачагони қисме аз муассисаҳои таълимии пойтахтро бо либоси мактабии истеҳсоли худӣ таъмин намуда буд. Ҳоло бошад, кормандони ин корхона аллакай дӯхтани либоси мактабиро барои соли хониши навбатӣ шурӯъ кардаанд. Тибқи нақша, ҳаҷми истеҳсолот имсол бояд нисбат ба соли гузашта бештар бошад. Зеро талабот ба либоси мактабии истеҳсоли худӣ дар ҳоли афзоиш аст.  

        Заррина Боронова, ки як сол пеш хонашин буд, ҳоло яке аз даҳҳо дӯзандаи либоси мактабӣ дар Иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷии тоҷик» аст. Ӯ дар гузашта либоси мактабии фарзандони худро аз бозорҳои пойтахт харидорӣ мекард, аммо ҳоло бошад, дар ин ҷо натанҳо барои онҳо, балки барои садҳо мактаббачаи дигари шаҳр низ бо дастони худ либос медӯзад.
         Таҷрибаи соли гузашта нишон дод, ки волидони мактаббачаҳо ҳангоми харидорӣ кардани либоси мактабӣ ба сифати он диққати ҷиддӣ медиҳанд. Бо дарназардошти ин, кормандони коргоҳи дӯзандагии Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии тоҷик кӯшиш менамоянд, ки маҳсулоташон ҳам хуштарҳ бошаду ҳам босифат. 
           Фаъолияти имрӯзаи коргоҳи дӯзандагии Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии тоҷик назаррас аст. Аммо ин вазъ на дар ҳама коргоҳҳои соҳа ба чашм мерасад. Дар ҳоле, ки талабот ба либоси мактабии истеҳсоли худӣ афзуда, зарурати тақвияти тавлидот ба миён омадааст, ҳаҷми истеҳсоли либосҳои бачагона дар кишвар имрӯз қонеъкунанда нест. Зеро имрӯз теъдоди мактаббачагон дар ҷумҳурӣ ба 1 миллиону 800 ҳазор нафар мерасад ва ҳамаи онҳоро мебояд бо либоси мактабии босифати ватанӣ таъмин намуд. Маҳз бо мақсади дастгирии васеи чунин корхонаҳои истеҳсолӣ, зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти бачагона ва фароҳам овардани имконияти содиротивазкунии бештари молҳо дар бозори истеъмолӣ  Барномаи истеҳсоли маҳсулоти бачагона дар Љумҳурии Тољикистон барои давраи то соли 2015 қабул гардида буд. Тибқи нақша, барои татбиқи барномаи мазкур аз ҳисоби манбаҳои дохиливу берунӣ бояд 19 миллиону 355 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо мегардид. Инак муҳлати барои татбиқи барнома ҷудогардида анҷом ёфт. Мувофиқи ин барномаи давлатӣ бояд аз ҳисоби маблағҳои барои татбиқи барнома муайянгардида дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсоли маҳсулот барои кӯдакон,  либосу пойафзол барои синни томактабию мактабӣ зиёд карда мешуд. Аммо нақшаҳои асосии Барномаи истеҳсоли маҳсулоти бачагона аз аввал то ба охир амалиношуда боқӣ монд.  

          Аз маълумоти омории соли 2010-ум аён мегардад, ки истеҳсоли номгӯи маҳсулоти дар Барномаи истеҳсоли маҳсулоти бачагона муайянгардида ҳатто ба нишондиҳандаи асосӣ наздик ҳам нашудааст. Масалан, агар мувофиқи нишондоди барнома шумораи кӯдакони то мактабию  наврасони то 18-сола 1 миллиону 819,2 ҳазорро ташкил дода бошад, дар ин давра 177,5 ҳазор дона  маҳсулоти дӯзандагӣ, аз қабили либоси мактабӣ, кӯдакона ва либоси гарми боло истеҳсол карда шудааст.  Масъулини соҳа якчанд омилро сабабгори ин ҳолат медонанд.
        Мувофиқи барнома то  соли 2015 масъулон бояд ҳаљми истеҳсоли номгўи асосии молҳои кўдаконаро дар соҳаҳои мухталиф то ба талаботи меъёрии бозори дохилї расонида, барои содироти маҳсулот заминаи мустаҳкам мегузоштанд. Аммо омори расмӣ баёнгари он аст, ки ҳаҷми тавлидот имрӯз аз соли аввали қабули барнома чандон тағйир наёфта, дурнамои пешбинишуда иҷронашуда боқӣ мондааст.

  
           Бо дарназардошти захираҳои мављудаи ашёи хом ва имкониятҳои истеҳсолї дар барномаи мазкур таъмини пурраи бозори дохилӣ бо маҳсулоти бачагона, аз қабили  либоси кешбофии таг, либоси кешбофии пахтагини рў, либоси варзишї, либоси љинсии бачагона, куртаҳои пахтагин барои писарбачагон ва пойафзоли бачагона ба нақша гирифта шуда буд. Аммо вазъи воқеӣ нишон медиҳад, ки ҳаҷми истеҳсоли ин гуна маҳсулот имрӯз дар ҷумҳурӣ хеле кам буда, бозорҳои мамлакат асосан аз ҳисоби  моли воридотӣ таъмин мегарданд. Саломатии насли ояндаи миллат ба истеҳсоли либоси бачагонаи босифат марбут аст, аммо мутаассифона имрӯз ҷойи моли босифати ватаниро либосҳои пастсифати хориҷӣ гирифтааст, ки дарвоқеъ мояи ташвиш аст. Коршиносон дар мавриди хуб ба роҳ монда нашудани истеҳсоли маҳсулоти бачагона дар дохили кишвар ва сабабҳои таъмин нашудани бозори дохилӣ бо истеҳсолоти ватанӣ назари дигар доранд.

         Масъулин иброз медоранд, ки яке аз сабабҳои кам истеҳсол гардидани маҳсулоти бачагона рақобат карда натавонистани тавлидоти корхонаҳои истеҳсолӣ бо маҳсулоти воридотӣ мебошад. Истеҳсолкунандагони ватанӣ бошанд, дарёфти муштарӣ дар бозор ва ба даст овардани эътимоди харидорро кори заҳматталабу душвор   медонанд. Камтаваҷҷӯҳии аҳолӣ ба либосҳои бачагонаи истеҳсоли худӣ ва рӯ ба моли хориҷӣ овардани онҳоро коршиносон ба замонавӣ набудани тарроҳии он рабт медиҳанд. Гуфта мешавад, ки либосҳои барои кӯдакону наврасон истеҳсолшаванда бояд аз ҷиҳати тарроҳӣ диққатҷалбкунанда бошанд.
      Агар сатҳи татбиқи барнома дар самти истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ барои мактабиён ва кӯдакони синни томактабї дар соли 2010- 12,5%, соли 2011- 7,0%, 2012-9,9%, соли 2013-19,7 % ва соли 2014- 9,5 %-ро ташкил дода бошад, дар соли охири барнома,  яъне соли 2015 танҳо 6,8% -и нақшаи дар Барномаи истеҳсоли маҳсулоти бачагона муайянгардида иҷро гардидаасту халос.

         Масъулини соҳа шарҳ медиҳанд, ки бинобар сабаби ба рақобати  молҳои воридотӣ тоб наовардани корхонаҳои саноати дӯзандагӣ аксари корхонаҳои навсохташудаи соҳа аз фаъолият боз мондаанд. Корхонаҳои миёна ва калони мамлакат бошанд, дар ҳудуди 30-40 дарсади иқтидорҳои истеҳсолии худ фаъолият мекунанду халос. Дар ҳоле, ки дар соли 2015, яъне соли охири татбиқи Барномаи истеҳсоли маҳсулоти бачагона нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ бояд ба дараҷаи ниҳоии мерасид, ҳамагӣ 525,7 ҳазор дона либоси мактабї истеҳсол гардидаасту халос. Ҳол он, ки теъдоди мактаббачагони ҷумҳурӣ дар ин сол ба 1 миллиону 800 ҳазор нафар расидааст. Масъулини соҳа норасоии маблағ, набудани механизми ҳимояи молистеҳсолкунандагони ватанӣ, ҳавасманд  набудани истеҳсолкунандагони маҳсулоти бачагона ба истеҳсоли ин намуди маҳсулот, мавҷуд набудани имтиёзҳои андозбандӣ  ва ба рақобат тоб наовардани корхонаҳои дӯзандагии ватаниро дар истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти дӯзандагӣ, бахусус бачагона ва мактабӣ дар бозорҳои дохилӣ аз сабабҳои аслии иҷро нагардидани нишондиҳандаҳои Барномаи истеҳсоли маҳсулоти бачагона дар Љумҳурии Тољикистон дар давраи то соли 2015 арзёбӣ мекунанд. Ин дар ҳолест, ки аз маблағҳои барои татбиқи Барномаи истеҳсоли маҳсулоти бачагона дар Љумҳурии Тољикистон дар давраи то соли 2015  муайянгардида танҳо 1 миллиону 754 ҳазор доллари амрикоӣ аз худ гардидааст. Яъне дар охир чунин хулоса кардан мумкин аст, ки дар давоми 5 сол барномаи мазкур қариб 30 дарсад иҷро шудаасту халос.


Комментариев нет:

Отправить комментарий