среда, 16 марта 2016 г.

Набояд нархи орд баланд шавад

       Тибқи ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо имрӯз ба ҳар сари аҳолии кишвар 137 кг орд дар як сол аз рӯи меъёр муқарар гардидааст, ки дар маҷмӯъ  талаботи аҳолии кишвар ба 1,5 мин. тонна орд баробар аст.  Дар соли 2015-ум бошад истеҳсоли ғалла қариб 664 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки ин нисбат ба соли 2014-ум қариб 39 ҳазор тонна зиёд мебошад. 

        Миқдори ғаллаи дар кишвар истеҳсолшаванда барои пурра таъмин намудани талаботи аҳолӣ қонеъкунанда нест. Бинобар ин, ҳамасола ба кишвар барои таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ миқдори муайян гандум ва орд ворид карда мешавад. Ҳамин аст, ки дар соли 2015-ум   ба кишвар зиёда аз 140 ҳазор тонна орд ворид гардидааст, ки ин нисбат ба соли 2014-ум  қариб 26% кам мебошад. Воридоти гандум бошад, 859 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2014 84 ҳазор тонна ё қариб 11% зиёд  мебошад.
          Бояд қайд намуд, ки хариду фурӯши орд дар бозорҳои хориҷӣ бо долари амрикоӣ сурат мегирад.  Масъулин иброз медоранд, ки субъектҳои воридкунанда як тонна гандумро бо нархи 285 долари амрикоӣ ворид менамоянд. Ва боло рафтани қурби асъори амрикоӣ ба  нархи орд дар бозорҳои дохилӣ таъсири худро расонидааст.

      Мувофиқи маълумоти мутахассисони соҳа омили асосии 26% коҳиш ёфтани воридоти орд ин зиёд гаштани ҳаҷми воридот ва истеҳсоли гандум дар дохили кишвар мебошад. Ҳамчунин, болоравии нархи ордро соҳибкорон дар ноустувории қурби асъори миллӣ шарҳ дода, қайд менамоянд, ки нархи як халта орди навъи якуми Қазоқистон дар соли  2014-ум ба маблағи зиёда аз 20 долари амрикоӣ, ки баробар ба 101 сомонӣ ва соли 2015-ум бо ҳамин нарх дастрас менамоянд, ки зиёда 147 сомониро ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ бо хароҷотҳои иловагӣ нархи миёнаи фурӯши 50 кг орд дар соли ҷорӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ гуногун буда, аз 153 то 190 сомониро дар бар мегирад.   

Комментариев нет:

Отправить комментарий